Раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 6-уми апрел аз Си Ҷинпин, президенти Чин хост, ки Русияро ба сулҳ бо Украина розӣ кунад. Дар муқобил, Си Ҷинпин ибрози умед кард, ки Русия ва Украина битавонанд ба зудӣ гуфгугӯи сулҳро оғоз кунанд.
Эммануэл Макрон дар як нишасти хабарии муштарак бо раҳбари Чин дар толори бузурги "Халқ" дар Пекин гуфт, Ғарб барои кӯмак ба поён додан ба ҷанги Украина ва пешгирӣ аз густариши таниш, ки метавонад қудратҳои ҷаҳониро ба ду ҷиноҳи ба ҳам душман табдил кунад, бояд бо Чин вориди гуфтугӯ шавад.
Раиси ҷумҳури Фаронса афзуд, "ҳамлаи низомии Русия ба Украина ин як зарбаи ҷонкоҳ ба суботи байналмилалӣ аст. Мо медонем, ки барои сари ақл овардани Русия ва ташвиқи ду тараф ба гуфтугӯ, метавонем ба шумо такя кунем".
Си Ҷинпин низ пас аз поёни гуфтугӯ бо оқои Макрон аз Русия ва Украина хост, музокироти сулҳро оғоз кунанд ва барои поён додан ба ҷанг, як роҳи ҳалли "сиёсӣ" пайдо намоянд.
Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса музокироти ду раҳбарро "ошкоро ва созанда" хонд ва ҳукумати Чин низ онро "дӯстона ва амиқ" номид.
Оқои Макрон ҳамчунин аз раҳбари Чин хост, ба Русия фишор биёоварад, то ба муқаррароти байналмилалии манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ пойбанд бимонад. Русия ахиран эълон кард, ки бахше аз силоҳҳои ҳастаии тактикии худро дар хоки Белорус ҷобаҷо мекунад.
Си Ҷинпин ҳам бе он, ки мустақим ба Русия ишора кунад, таъкид кард, ҳама кишварҳо бояд ба ӯҳдадориҳои худ дар мавриди силоҳҳои ҳастаӣ пойбанд бошанд ва набояд ҷанги ҳастаӣ рух диҳад. Ӯ афзуд, "ҷомеаи байналмилалӣ бояд аз ҳаргуна иқдоме, ки боиси бӯҳрон ва ё аз назорат хориҷ шудани он мешавад, парҳез кунад".
Сафари расмии Эммануэл Макрон ҳамроҳи Урсула фон дер Лайен, раиси Комиссияи Аврупо ба Чин дар ҳоле сурат гирифт, ки робитаҳои Пекин бо Аврупо дар солҳои ахир бинобар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи башар ва озору азияти мардуми Шинҷон, қатъи қарордодҳои тиҷоратии бузург байни ду тараф ва маҳкум нашудани ҳамлаи Русия ба Украина аз сӯи Пекин, рӯ ба сардӣ гузоштааст.
Бо ин вуҷуд, оқои Макрон рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ пас аз вуруд ба Пекин гуфт, Аврупо бояд аз коҳиши муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ бо Чин, дурӣ биҷӯяд.
Ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, оқои Макрон дар ин дидор бо лаҳни нарми худ сиёсати "бозсозӣ"-и робитаҳоро бо Чин пайгирӣ мекунад ва аз сӯи дигар, Урсула фон дер Лайен, раиси Комиссияи Аврупо, мавзӯъҳои ихтилофбарангез ва ҳассоси Аврупоро матраҳ мекунад.
Гуфтугӯ