Русия бо ёрии кӣ таҳримҳои Ғарбро давр мезанад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар бештар аз як соли ҷанги Маскав дар Украина, додугирифти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия афзудааст. Ин дар ҳолест, ки Русия зери бори таҳрим аст ва имкони додугирифташ бо кишварҳои аврупоӣ кам шуда. Русия ва Осиёи Марказӣ чӣ додугирифт мекунанд ва оё ин давр задани таҳрим аст ё чизи дигар?