Ду милисаи қирғизро барои таҷовуз зиндонӣ карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи олии Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз суйи милисахо нуқта гузошт. Ду милисаи собиқ, ки як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд, то ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм ҷомеа ва волидони ноболиғро, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, ҳайратзада кард.