Мақомоти Туркманистон дар пасманзари мушкил шудани воридоти оҳан аз хориҷ тасмим гирифтаанд, пули таърихии оҳаниеро, ки аз болои дарёи Ому мегузарад, вайрон кунанд.
Манобеъ мегӯянд, эҳтимол даҳҳо ҳазор тонна оҳани пули 1200-метрии тахрибшуда дар бозорҳои маҳаллӣ фурӯхта шавад.
Ин пул баъд аз пайвастани ҳудуди Туркманистони имрӯза ба қаламрави подшоҳии Русия дар солҳои 1898-1901 сохта шуда буд.
Тибқи иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, тасмими тахриби пули мазкур имсол “дар сатҳи сарвазир” гирифта шудааст. Пул аз соли 2014 ба ин сӯ истифода намешавад.
Мақомоти Туркманистон соли 2017 дар вилояти Лебапи он кишвар пули роҳи оҳани Туркманобод-Форобро ба истифода доданд, ки аз болои дарёи Ому мегузарад. Онро ширкати украинии “Алтком” бунёд карда, дар маросими ифтитоҳи пул раҳбарони Узбекистон ва Туркманистон иштирок карданд.
Тасмими тахриби пул дар ҳолест, ки дар бозорҳои Туркманистон норасоии масолеҳи сохтмонии оҳанӣ мушодида мешавад.