Рӯҳоние, ки дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониён монеи рақсу суруд шуда буд, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам шудааст.
Парвандаи Абдулҳаннон Маннонови 51-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд.
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 6-уми апрел гуфтанд, парвандаи рӯҳонӣ се моҳ боз тафтиш мешавад. Худаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст.
Назари наздикони рӯҳонӣ ба иттиҳом маълум нест.
Моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки як рӯҳонӣ монеи рақсу суруд дар ҳавлие шуда, бо лаҳни тунд меҳмононро меронад.
Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карданд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам зад.
Маннонов дар барнома гуфт, аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.