“Эҳтимоли фирори афғонҳо ба Тоҷикистон бисёр кам аст”

Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон

Муассисаи ҳимоят аз паноҳҷӯёни Созмони Милал мегӯяд, бо вуҷуди ноамниҳои идомадор, ки вазъи мардумро дар саросари Афғонистон бад кардааст, эҳтимоли фирори онҳо ба Тоҷикистон бисёр кам аст.

Дар арзёбии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, ки ба тозагӣ нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди ин ҳукумати Тоҷикистон барои омодагӣ ба ингуна эҳтимол тадбирҳо меандешад.

Созмон бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ барои 500 паноҳҷӯро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намуна овардааст, ки соли гузашта бо кумаки муассисаҳои имдодӣ сохта шуд.

Бино ба гузориши Созмони Милал дар Тоҷикистон айни замон тақрибан 8500 паноҳанда зиндагӣ мекунанд.

Аксари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки аз тарсу таъқиби Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Тоҷикистонро дар гузашта барои қабул накардани паноҳҷӯёни афғон, ки аз ҷангу хунрезӣ ва аз тарси Толибон гурехта буданд, танқид кардаанд.