Рӯзноманигори мустақил ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Шоҳида Яъқубро, ки аз Лондон ба шаҳри Тошканд парвоз кард, нагузоштанд, вориди Узбекистон шавад.
Шоҳида Яъқуб, ки зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Бритониё аст, гуфт, масъулони фурудгоҳи Тошканд манъи вуруди ӯро ба он кишвар шарҳ надоданд.
"Ҳамроҳи ду фарзандам рӯзи сешанбе аз Лондон ба Тошканд парвоз кардем. Вақте дар нуқтаи санҷиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои бритониёиро пешниҳод кардам, афсар ҳамкори худро даъват кард ва онҳо хеле нигарон буданд. Ба куҷое занг заданд. Баъд аз 40 дақиқа афсари дигаре ба назди ман омада, гуфт, хоҳар, наметавонем шуморо ба Узбекистон роҳ диҳем. Даромадани шумо ба кишвар манъ шудааст. Фарзандҳои шумо метавонанд ворид шаванд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки баргардем," -- изҳор дошт рӯзноманигор.
Марзбонони Узбекистон сабаби манъи вуруди рӯзноманигорро ба он кишвар шарҳ надодаанд.
Ба гуфтаи Шоҳида Яъқуб, мақомоти Узбекистон ҳанӯз ҳам бозтоби куштори Андиҷонро дар моҳи майи соли 2005 ва қатли Алишер Соипов, рӯзноманигори мустақили қирғизистониро дар соли 2007 дар шаҳри Ӯш аз тарафи ӯ "фаромӯш накардаанд".
Рӯзноманигор гуфт, ҳамчунин посухи рад ба дархости ҳамкорӣ бо онҳо низ метавонад сабаби манъи даромаданаш ба Узбекистон бошад.