Владимир Путин, президенти Русия, гуфт, дар харобкорӣ ва таркишҳо дар ҳудуди Русия ва минтақаҳои Украина, ки зери назорати Маскав ҳастанд, "кишварҳои севум, мақомоти махсуси Ғарб даст доранд".
Путин барои ин гуфтаҳояш далеле наовард ва танҳо афзуд, "ҳамаи далелҳо вуҷуд доранд", ки чунин аст.
Ба гуфтаи Путин, "ба зидди намояндагони мақомот ва ниҳодҳои қудратӣ, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа ба таври мунтазам ҳамлаҳо ташкил мекунанд". Вай мисолҳои мушаххас наовард.
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия суханронӣ кард, ки ба таъмини амнияти ҳудудҳои ғасбшудаи Украина бахшида шуда буд. Ӯ вазъияти онҷоро "душвор" номид ва аз кормандони мақомоти қудратӣ даъват кард, ки барои ҳифзи амният "ҳамаи талошро анҷом диҳанд".
Низомиҳои Украина борҳо гуфтанд, ки Киев ният дорад, минтақаҳои аз сӯи Русия ғасбшударо баргардонад. Бо ин ҳадаф Украина ба ҳамлаи ҷавобӣ омода мешавад. Муҳлати шуруъ ва самтҳои ҳамлаи ҷавобиро мақомоти Украина пинҳон медоранд.