Дар бештар аз як соли ҷанг дар Украина садҳо зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистонро тавассути созмони низомии "Вагнер" аз Русия ба майдони набард бурдаанд. Баъзе аз онҳо зиндонӣ буданд. То ин дам тобути чанд нафар дастрас шуда, баъзе беному нишон гаштаанд. Ба мисли Хушнудбек аз Узбекистон, ки зинда ё мурда буданаш маълум нест.
Бародараш, Дилшодбек, мегӯяд, ӯ ба гуноҳи куштор 8 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд ва аз зиндони рақами ҳафти Красноярск ба ҷанг бурда шудааст. Модари яке аз маҳбусон ба Дилшодбек расондааст, ки бародараш ба ҷанг рафта.
"Маоши ӯро мегирем, фикр мекунем, зинда аст"
Дилшодбек мегӯяд, "телефонӣ аз бародарам пурсидам, ки оё гапи зан ҳақиқат дорад? Ӯ гуфт, "дурӯғ аст, бовар накун, ман хубам." Баъд телефонро хомӯш кард. Тахмин кардам, ки ба Украина рафтааст. Доим тавассути як рақам занг мезад. Ба он пул мегузарондам, то бе мушкил тамос гирад. Чанде пеш як мард занг зад ва гуфт, дар маҳбас ҳамроҳи бародарам буд, аммо дигар пул нагузаронам. Гуфт, Хушнудбек нест ва дигар аз ин рақам занг намезанад."
Дар зиндони "Арейское" дар Красноярск шахсонеро нигоҳ медоранд, ки такроран ҷиноятҳои вазнин кардаанд. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи башари Русия, Иван Асташин, созмони "Вагнер" тавонистааст, 150 маҳбуси ин зиндонро ба ҷанг дар Украина барад.
Иттилоъ дар бораи ҳузури бевоситаи Евгений Пригожин, мудири созмони “Вагнер” ва яке аз шахсони наздик ба раисҷумҳури Русия, дар ҷалби маҳбусон дар чаҳор зиндони Красноярск тасдиқ шудааст. Муассиси "Вагнер" моҳи ноябри соли 2022 ба маҳбасҳои минтақа сафар кард.
Хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ бо зане суҳбат кард, ки писараш ҳамроҳи Хушнудбек ба ҷанги Украина рафтааст.
Хонум Лилия гуфт, "онҳо аз моҳи ноябр боз дар Украина ҳастанд. Ҳамаашон дар Авдеевка ҳастанд. Писарам баъди захмӣ шудан аз шифохона занг зад ва гуфт, "ба мо ваъда доданд, ки ба зудӣ ба Русия мебаранд. Муҳлати қарордоди мо ба охир мерасад ва 7-уми май дар хона хоҳем буд." Пас аз муолиҷа дубора ба ҷанг фиристоданд. Мо маоши ӯро гирифта истодаем, барои ҳамин, фикр мекунем, зинда аст."
"Бародарам ба ман гуфт, ба ҷанг намеравад"
Дилшодбек мегӯяд, зиёд кӯшиш кард, монеи рафтани бародараш ба Украина шавад, аммо бенатиҷа.
"Телефонӣ гуфтам, ки ба он ҷо нарав, эҳтимоли зинда баргаштан кам аст. Агар баргардӣ ҳам, дар Узбекистон туро ҷазо хоҳанд дод. Аз 5 то 10 сол зиндон. Ту дар кишвари дигар адои ҷазо мекунӣ, боз ба ин ҷо омада ба зиндон меравӣ? Аз ҳашт сол ҳафт сол мондааст, вақт зуд мегузарад, ба Украина нарав. Бародарам ба ман гуфт, ба ҷанг намеравад."
Ҳоло пайвандони Хушнудбек дар бораи зинда ё мурда буданаш хабар надоранд. Шахсе ба номи Сергей, ки эҳтимол ба ҷалби маҳбусони минтақаи Красноярск ба сафи "Вагнер" машғул аст, дар суҳбати кӯтоҳе ба пайвандони Хушнудбек гуфтааст, номи ӯ дар рӯйхати кушташудаҳо нест.
Дар айни замон, бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз охири соли гузашта мулоқоти маҳбусон бо наздикон дар зиндонҳои Русия маҳдуд шудааст.
Ба қавли онҳо, “вагнериҳо” барои иштирок дар ҷанги Украина маҳбусонеро, ки аз рӯйи моддаҳои сиёсии “хиёнат ба ватан”, “терроризм” ва ё “экстримизм” зиндонӣ шудаанд, ҷалб намекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ вақтҳои охир аз ҷалби занон аз маҳбасҳои Русия ба ҷанг дар Украина хабар медиҳанд.