Телевизионҳои давлатии "Шабакаи 5" ва "Пирамида"-и Қирғизистон муфлис шудаанд ва барҳам дода мешаванд.
Дар ин бора муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, қарори додани телевизионҳо ба идораҳои давлатӣ бекор карда шуд.
Қаблан Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон гуфта буд, ки масъалаи дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ гузоштани телевизионҳои "Пирамида" ва "Шабакаи 5"-и ин кишварро баррасӣ мекунад.
Қарор буд, шабакаи телевизионии "Пирамида" дар ихтиёри "Қумтор" ё ширкати давлатии "Киргиз Алтин" ва телевизиони "Шабакаи 5" дар ихтиёри шаҳрдории Бишкек гузошта шавад.
Телевизиони "Шабакаи 5" дар Қирғизистон соли 2005 таъсис дода шудааст. Он то соли 2010 шахсӣ буд ва баъд аз ҳодисаҳои апрелӣ онро давлатӣ карданд.
"Пирамида" яке аз нахустин телевизионҳои мустақили Қирғизистон буд, ки соли 1994 таъсис ёфтааст. Онро низ баъд аз ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 давлатӣ карданд.