Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар Ҳарбмайдони Хатлон, 20 километр дуртар аз сарҳади Афғонистон, тамрини низомиро оғоз кардаанд.
Мақомоти Русия хабар доданд, ки тамрин то 7-уми апрел ҷараён хоҳад дошт.
Беш аз 300 низомии рус бо ҳарбиёни тоҷик истифода аз силлоҳои мухталифро машқ ва муҳофизат аз силлоҳои биологиву кимиёвиро таҷриба мекунанд.
Машқҳои низомии Русия пас аз ҳамлаи бедалел ба Украина дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Дар гузашта низомиёни рус бо ҳамтоёни тоҷики худ зуд-зуд дар Тоҷикистон машқ анҷом медоданд.
Гузоришҳое низ нашр шуд, ки Русия низомиёни худро дар Тоҷикистон ба ҷанги Украина ҷалб кардааст ва теъдодашон дар ин кишвар ба маротиб кам монда.
Қаблан дар бораи ҳузури ҳафт ҳазор низомии Русия дар Тоҷикистон суҳбат мешуд. Ҳоло теъдоди низомиёни рус дар кишвар маълум нест.