Муҳокимаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба ҳукми сафед, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба поён расид.
Ӯро нӯҳ моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам карданд. Худаш дар сухани охирин дар додгоҳ рӯзи 3-юми апрел иттиҳомҳоро рад карда, ҳамзамон талаб намудааст, ки ӯро озод кунанд. Додситон ба ӯ нуҳ сол зиндон хост.
“Шумо медонед, ки чаро инҷо ҳастам?”
Ба иттилои дарёфтӣ, Рустам Саидаҳмадзода баромади худро дар мурофиа бо ҷумлаи “сухани охири судшавандаи бегуноҳ” шуруъ кардааст.
Додраси пешин гуфтааст, “медонед, ман барои чӣ дар инҷо ҳастам? Барои пас гардондани парвандаҳои ғайриқонунии тафтишот ва сафед намудани парвандаҳои беасосе, ки боис ба муҷозоти шахсони бегуноҳ мешуданд.”
Саидаҳмадзода афзудааст, ҳукмҳои сафеде, ки ӯ содир кард, дар доираи қонун ва бо далелҳои собит бароварда шудаанд.
Ду иштирокдори мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додраси пешин “қариб як соат сухани охирини худро ба додгоҳ ироа кард”.
Додситонӣ Рустам Саидаҳмадзодаро ба он муттаҳам мекунад, ки гуё ҳукмеро, ки ба қувваи қонун надаромадааст, ба Радиои Озодӣ фиристод. Худаш дар додгоҳ гуфтааст, ба Радиои Озодӣ ягон хабар нафиристод. Маъмурияти Радиои Озодӣ низ дар номае ба додгоҳ ҳама гуна ҳамкориро бо Саидаҳмадзода рад карда буд.
Мурофиаи додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 3-юми апрел дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор шуд. Хабарнигоронро ба он роҳ надоданд.
Волидони Саидаҳмадзода ҳам натавонистанд, ба мурофиа роҳ ёбанд. Додситони парванда баъд аз берун шудан аз толори мурофиа бе ироаи шарҳе гуфт, “додрас ба хонаи машваратӣ рафт.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Набудани ҳукми сафед баёнгари чист?
Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан бинобар содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд. Тибқи омори расмӣ, солона додгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноиро баррасӣ мекунанд, вале аз миёни ҳазорҳо муттаҳам соли 2020 танҳо 2 ва соли 2021 фақат 11 нафар сафед шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли гузашта додгоҳҳо 5508 парвандаи ҷиноиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набаровардаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар моҳи июли соли гузашта, сабаби содир нашудани ҳукмҳои сафедро ба натиҷаи “кори хуби муфаттишон” рабт дод.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ночиз будани шумори ҳукмҳои сафед мустақилии низоми додгоҳиро зери суол бурдааст. Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ, аз таҷрибааш гуфт, додрасҳо баъзан аз тарси пеш наомадани мушкил, кӯшиш мекунанд, ба гумонбар ҷазои ғайриҳабсӣ ё ҷарима таъин кунанд, аммо на ҳукми сафед.
“Мақомоти додгоҳӣ бо қонунҳо зери назорати сахт гирифта шудаанд. Барои ҳамин, ҳукми сафед бароварда наметавонанд. Агар содир кард, додситон эътироз меорад ва ҳукм бекор карда мешавад. Баъд барои додрас мушкилҳои ҷиддӣ пайдо мешавад,” -- афзуд вакили мудофеъ.
Ба бовари Насруллоев, дар сурати сафед кардани гумонбар, бояд ба ӯ ҷуброн пардохта шуда, шахсоне, ки ӯро ба ҷавобгарӣ кашидаанд, ҷавоб диҳанд.
Шодмон Ализода, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули парвандаи Рустам Саидаҳмадзода ҳоло ба хонаи машваратӣ рафтааст. Эҳтимол ба зудӣ ҳукм эълон шавад. Ҳукме, ки болои низоми додгоҳӣ ва додрасҳое, ки мехоҳанд ҳукми сафед содир кунанд, шояд бетаъсир намонад.