Ширкати испониёӣ ҳукумати Узбекистонро ба додгоҳ кашид

Ширкати испониёии "Maxam", ки яке аз бузургтарин сармоягузорони ғарбӣ ба шумор меравад, ҳукумати Узбекистонро барои ҳалли баҳс бар сари як тарҳи муштараки саноати кимиёӣ ба додгоҳи байнулмилалӣ кашидааст.

"Maxam", ки барои саноати куҳӣ ва сохтмонҳои маданӣ маводи тарканда истеҳсол мекунад, моҳи марти имсол ба додгоҳи байнулмилалӣ дар шаҳри Лондон шикоят бурдааст.

Баҳси ширкат бо Тошканд бар сари лоиҳаи “Максам-Чирчиқ”, яке аз бузургтарин корхонаҳои тавлиди нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кимиёӣ дар Узбекистон аст. Он шарики Корхонаи давлатии "Узкимёсаноат" маҳсуб меёбад.

Ширкати испониёӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки ҳукумати Узбекистон пайваста шартҳои созишномаи дуҷонибаро вайрон мекунад. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки кадом шартҳо нақз карда шудаанд.

Шикояти яке аз бузургтарин сармоягузорони ғарбӣ зидди Тошканд дар ҳоле аст, ки ҳукумати Узбекистон мегӯяд, барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ маъракаи наверо роҳандозӣ кардааст.