Созмони Милали Муттаҳид марги камаш 501 кӯдакро аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба Украина тасдиқ мекунад. Дар ин бора мудири Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел хабар дод.
"Ин танҳо мавридҳоест, ки СММ тасдиқ кардааст. Рақамҳои воқеӣ, эҳтимол, бештар ҳастанд ва зиён барои хонаводаҳои зарардида тасаввурнопазир", - навишт вай дар Твиттер.
Ба ҷуз ин, қариб як ҳазор кӯдаки украинӣ маҷруҳ шуда, "ҷароҳатҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, ки онҳо дар ҷараёни ҷанг мебардоранд, тамоми умр ҳамроҳашон хоҳанд монд", -- афзудааст мудири ЮНИСЕФ.
"Ҳар кӯдак, сарфи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунад, бояд дар шароити осоишта ба воя расад. Ҳеч кӯдак набояд даврони кӯдакиеро аз сар гузаронад, ки бо хушунату тарс омехта аст", - илова кардааст Рассел.
Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Украина мегӯяд, то 3-юми апрели имсол дар пайи хушунати Русия 467 кӯдак кушта шуда, 944 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Додситонӣ хабар додааст, ки ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд.