Доналд Трамп нахустин президенти собиқи Амрико шуд, ки ба ҷиноят гумонбар аст. Эълони иттиҳом ба ӯ дар ҳафтаи гузашта аз назари баъзе нозирон дар хориҷ ҳамчун имтиҳоне барои санҷиши эътибори низоми сиёсию ҳуқуқии ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Доналд Трампро ҳайати доварони Ню-Йорк ба пардохти 130 ҳазор доллар ҳаққи сукут ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ чанд ҳафта пеш аз интихоботи президентии соли 2016 гумонбар эълон кард.
Трамп иттиҳому қонуншиканиро рад кард ва додситони ноҳияи Манҳеттен - Элвин Брегги демократро ба бадном кардани худ дар остонаи интихоботи соли 2024 айбдор намуд. Президент Ҷо Байденро дар бораи нигарониҳо аз эҳтимоли намоишҳои эътирозӣ пурсиданд. Ӯ гуфт, “на, ман дар бораи иттиҳоми Трамп гап намезанам.”
Сулҳомез ё хушунатбор?
Дар Ню-Йорк гурӯҳи хурде тарафдори муҳокимаи одилонаи Трамп дар додгоҳ шуданд. Дар шаҳраки Вест Палм Бичи аёлати Флорида, ки хонаи Трамп наздики онҷост, тарафдорони ӯ ба ҳимояташ бархостанд.
Худи Трамп гуфт, эътирозҳои сартосарӣ ташкил мекунад. Як таърихшинос мегӯяд, ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки агар эътироз шуд, то куҷо сулҳомез ё хушунатбор мешавад, чун ишғоли Конгресс дар рӯзи 6-уми январи соли 2021 аз хотирҳо нарафтааст.
Ба қавли Майкл Киммиҷ, профессори таърих аз Донишгоҳи католикии Амрико, “ба назари ман, ба кишварҳои дигар ин ҳодиса як нуқтаи чархише мешавад, ки то куҷо ҳолу ҳавои 6-уми январ аз байн рафтааст. Ва ё бо назардошти пурсишҳое дар заминаи равобити президентҳо Трампу Байден, интиқоли қудрат ва ҳам мақоми имрӯзаи Трамп ҳамоно эҳтимоли беназмиҳои шаҳрвандӣ дар Амрико мемонад ё на”.
Чанд раҳбари ҷумҳурихоҳ, аз ҷумла муовини собиқи президент Майк Пенс ва раҳбари Флорида Рон Десантис иттиҳоми Трампро маҳкум карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо метавонанд рақиби Трамп дар интихоботи президентӣ шаванд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъд аз Никсон
Сесил Ши аз Шӯрои умури байнулмилалии Чикаго, мегӯяд, “аз он ки баъзе аз раҳбарони ҷумҳурихоҳҳо, на ҳамаашон, танҳо чанд нафарашон иттиҳомро нахондаву надида танқид мекунанд, бисёр нороҳат шудам, чунки парванда баста аст”.
Дар таърихи сиёсии Амрико президенти собиқ Ричард Никсонро қариб ба хилофкорӣ муттаҳам мекарданд. Соли 1974, замоне ки бо хатари импичмент ё эълони нобоварӣ рӯбарӯ шуд, аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Президенти баъдӣ Ҷералд Форд ӯро бахшид ва Никсон ҳам аз иттиҳом раҳо гардид.
Баъзе аз кишварҳои демократии дигар ба мисли мисли Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё ва Фаронса таҳқиқ ва ҳатто ҳабси раҳбарони собиқро таҷриба кардаанд. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳоло дар додгоҳ барои фасодкорӣ муҳокима мешавад.
Таҳллигар Сесил Ши мегӯяд, ҳоло фазои сиёсии Амрико назар ба аҳди Никсон 50 соли пеш бештар эҳсосотӣ аст ва ихтилоф дар ҷомеа амиқтар мебошад. “Азбаски Трамп тавонист, дар миёни бисёре аз тарафдоронаш кеши шахсият эҷод кунад, хатари ба як буҳрони амиқтари ҳуқуқӣ табдил шудани ин таҳаввулот вуҷуд дорад,” – хулоса кард ӯ.