Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳ барои интихоботи президентии соли 2024 дар Амрико рӯзи душанбе 27-уми март корзори интихоботии худро оғоз кард ва ба Чин, Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод.
Трамп дар паёми наве, ки дар шабкаи иҷтимоии Truth Social нашр кард, ин чаҳор кишварро муттаҳам кард, ки нияти "тақсими ҷаҳон"-ро доранд. Truth Social як шабакаи иҷтимоӣ аст, ки аз тарафи худи Доналд Трамп таъсис шудааст.
Ин номзади ҷумҳурихоҳ дар паёми худ навишт, "Чин, Русия, Эрон ва ҳамчунин Кореяи Шимолӣ ва дигар кишварҳо Амрикоро дар мавқеияти бисёр бад ва хатарноке қарор додаанд. Онҳо дар ҳоли тақсими дунё ҳастанд ва мо даст рӯи даст гузашта, ба онҳо иҷозаи ин корро медиҳем. Онҳо дигар ба Амрико эҳтиром намегузоранд, аммо эҳтиром хоҳанд гузошт".
Доналд Трамп ахиран бо бознашр кардани видеое аз музокироти Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва Владимир Путин, ҳамтои руси ӯ дар Кремл, аз ин рӯйдод ба унвони "нуқтаи суқут" барои Амрико ёд кард.
Доналд Трамп, ки пеш аз ин як давра раиси ҷумҳури Амрико буд, дар замони президентии худ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва таҳримҳои сахтеро зидди Теҳрон ҷорӣ кард.
Ӯ дар баробари Чин низ сиёсатҳои сахтгиронае дошт, аммо дар робита ба роҳбарони худкомаи Русия ва Кореяи Шимоле гоҳе ба тамҷид ва гоҳе ба таҳдид рӯ меовард.
Ин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ дар моҳи сентябри соли 2018 дар бораи фиристодани нома ба раҳбари Кореяи Шимолӣ ва гуфтугӯҳое, ки бо ӯ дошт, гуфт, "гуфтугӯҳои сахте бо раҳбари Кореяи шимолӣ доштем, вале ошиқи якдигар шудем".
Трамп гуфтааст, ки агар ӯ то ҳанӯз президент мебуд, Русия ба Украина ҳамла намекард, зеро ӯ аз муносибатҳои некаш бо Путин истифода мекард. Оқои Трамп пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина, аз тактикаҳои низомии Путин ситоиш карда буд.
Доналд Трамп дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2016 пирӯз ва аз январи соли 2017 то январи соли 2021 дар ин мақом кор кард. Дар интихоботи баъдӣ аз ҳарифаш Ҷо Байден шикаст хӯрд.
Гуфтугӯ