Вазъи саломати Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд, ду узви пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар зиндон "бад шудааст".
Масъулони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд.
Шахсони наздик ба Муҳаммадалии Файзмуҳаммад гуфтанд, ӯ аз бемории қанд ранҷ мекашад ва ба ин сабаб "як пояш аз ҳаракат монда."
"Ӯро ҳамагӣ як рӯз ба бемористоне дар Душанбе оварда, сипас, ба шифохонаи зиндони Ваҳдат бурдаанд," – афзуд ҳамсуҳбати мо рӯзи 3-юми апрел. Тасдиқи хабар аз манобеи расмӣ ҳанӯз имконпазир нашуд.
Яке аз пайвандони Ҷалолиддини Маҳмуд гуфт, хабари беморияшро шуниданд, аммо ҳанӯз аз наздик надиданд.
Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифон, "дарди шадиди пешобдону фишори хун ва диабет"-ро аз бемориҳои муштараки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҷалолиддини Маҳмуд ва Маҳмурод Одинаев, муовини пешини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар зиндон номбар кардааст.
Қаблан наздикони Одинаев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ зардпарварин шудааст ва дар "карантин" аст.
"Омбудсмен аз зиндонҳои кишвар дидан намуда, аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ наздикон ва ҷомеаи кишвар ва хабарнигоронро огоҳ намояд. Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, Созмони Афви Байнулмилалӣ ва Созмони Пизишкони Бидуни Марз аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои тиббии фаврӣ расонанд," – омадааст дар изҳороти Паймони миллӣ аз рӯзи 3-юми апрел.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҷалолиддини Маҳмуд дафъаи дувум шашуним сол зиндонӣ шуд. Дафъаи аввал панҷ солро дар маҳбас гузаронд.
Бори аввал нест, ки наздикони зиндониён дар Тоҷикистон аз вазъи бади саломати онҳо шикоят мекунанд.
Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори зиндонии тоҷик, моҳи декабри соли 2022 гуфт, "ӯ аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашад".
Наздикони Шамил Ҳакимов, узви зиндонии "Шоҳидони Яҳво", гуфта буданд, ки дарди пою фишори хун дорад. Вакили мудофеаш моҳи декабри соли гузашта эълон кард, ки биноии як чашмашро аз даст дод.