Ёвари пешини президенти Қазоқистон Мурод Нуртлеу муовини сарвазир ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ин кишвар таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Мухтор Тлеубердиро иваз кард.
Ба ҷои Нуртлеу Олжас Бектенов, ки аз моҳи феврали соли гузашта сардори Оҷонси мубориза бар зидди коррупсия дар Қазоқистон буд, раиси дастгоҳи президенти ин кишвар таъйин гашт.
Нуртлеу баъд аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъйин шуда буд, вале баъд аз як моҳи фаъолият бо фармони раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев раиси дастгоҳи президент шуд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти худ муайян карда буд, ки писари Тоқаев ва бародари Нуртлеу солҳо боз робитаҳои корӣ доранд.