Фаъолони тоҷик ба дидани муҳоҷирон дар Сахарово рафтаанд

Фаъолони тоҷик ба дидани даҳҳо муҳоҷири дастгиршуда дар Маскав рафтаанд.

Дар Боздоштгоҳи муваққатии Сахарово беш аз 140 муҳоҷири тоҷик интизори ихроҷ аз Русия ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта 70 муҳоҷирро аз ин боздоштгоҳ ба Тоҷикистон фиристоданд.

Муҳаммадҷон Собиров, фаъоли тоҷик дар Русия, рӯзи 3-юми апрел гуфт, ба муҳоҷирон маводи ғизоӣ бурданд.

Боздоштгоҳи муваққатии Сахарово дар канори Маскав аксаран макони нигаҳдории муҳоҷиронест, ки мақомоти Русия онҳоро ба қонуншиканӣ гумонбар кардаанд.

Муҳоҷирони боздоштшуда аз шароити бади боздоштгоҳ шикоят мекунанд ва аксаран бар ин назаранд, ки ноодилона аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Русия макони ҳудуди ним миллион корҷӯ аз Тоҷикистон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, Русия сиёсати нодурустеро нисбат ба муҳоҷирон пеш гирфитааст ва онҳоро бо баҳонаҳои ночиз ихроҷ мекунад.

Бар асоси омори расмӣ, дар чанд соли ахир беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд.