Мақомоти Туркманистон ба зидди фолбинҳо "рейд" мегузаронанд ва аз онҳо санади иҷозаи фаъолият талаб мекунанд.
"Рӯзҳои охир дар шаҳрҳои Махтумқулӣ ва Туркманбошӣ кормандони мақомот дар хонаи фолбинҳо ва табибони халқӣ "рейд" анҷом медиҳанд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.
Мақомот аз фолбинҳо ва табибон талаб мекунанд, ки аз тафтиши махсуси давлатӣ гузаранд ва иҷозатномаи фаъолият гиранд.
"Аммо дар Туркманистон ниҳоде, ки чунин иҷозатнома диҳад, мавҷуд нест", - гуфт сокини маҳаллӣ.
Дар Туркманистон фаъолияти фолбинҳо ва табибон қонунӣ манъ нашудааст. Танҳо таблиғи фаъолияти онҳо тариқи расонаҳо ва шабакаҳо манъ аст.
Кормандони мақомот дар "рейд"-и охир фолбинҳо ва табибони халқиро дар "ҷоду кардани одамон" ва "таъсири бад расонидан ба иқтисоди кишвар" айбдор мекунанд.
Дар Туркманистон асосан ҷавононе, ки наметавонанд ҳамсар ёбанд, духтароне, ки наметавонанд шавҳар кунанд ва соҳибкороне, ки равнақи кор надоранд, ба фолбинҳову табибони халқӣ муроҷиат мекунанд.