Блинкен дар суҳбат бо Лавров хоҳони раҳоии Гершкович шуд

Эван Гершкович.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Амрико ва Русия Энтони Блинкен ва Сергей Лавров рӯзи якшанбе гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Дар ин гуфтугӯ роҳбари мақомоти дипломатии Иёлоти Мутаҳида ба озодии фаврии рӯзноманигори The Wall Street Journal Эван Гершкович даъват кард, ки аз сӯи додгоҳе дар Маскав бо айби ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Ҳам Лавров ва ҳам Блинкен аҳамияти фароҳам овардани шароитеро баррасӣ кардаанд, ки маъмуриятҳои дипломатӣ тавонанд фаъолияти худро анҷом диҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки Сергей Лавров ба Блинкен гуфтааст, "бояд ба қарори мақомоти Русия эҳтиром гузошта шавад".

"Гуфта шуд, ки набояд шахсони расмӣ дар Вашингтон ва расонаҳои ғарбӣ ба ин ҳодиса ранги сиёсӣ диҳанд", - омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Лавров гуфтааст, рӯзноманигори амрикоӣ бо далелҳои шайъӣ дастгир шуд.

Додгоҳи ноҳияи Лефортови Москва Эван Гершковичро то 29-уми май ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯяд, рӯзноманигор "бо дастури ИМА ба ҷамъоварии маълумот дар бораи яке аз корхонаҳои низомии Русия машғул буд". Дар сурати исботи айби ҷосусӣ, мумкин аст Гершкович то 20 сол зиндон шавад.

Кохи Сафед гуфт, шаҳрванди ИМА Эван Гершкович ҷосус набуд.