Ҷасади шаҳрванди 17-солаи Қирғизистон Анвар Кубаничбек уулуро, ки дар Русия кушта шуда буд, ба ватан фиристода, 26-уми март дар зодгоҳаш, вилояти Норин дафн карданд.
Ба гуфтаи наздикони Кубаничбек, ҷавони қирғизро, ки дар хонаи хешонаш дар Русия ба сар мебурд, чанд корд задаанд. Дар ин занозанӣ як шарики ӯ низ захмӣ шуда, ҳоло дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.
Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Русия 24-уми март иттилоъ дод, ки дар робита ба куштори Кубаничбек чаҳор қирғизистонӣ боздошт шудааст. Аз онҳо силоҳи пневматӣ ва корд мусодира кардаанд. Сабаби занозании ҷавонони қирғиз дар Русия гуфта намешавад.
Ба зидди гумонбарон бо бандҳои "Куштор" ва "Сӯиқасд ба ҷони ду нафар ва ё зиёда аз он" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.