"Барои шахсони доро мушкил нест, барои мо вазнин аст” ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муштариён аз нархҳои баланди бозорҳои Душанбе ба дод омадаанд.

Дар моҳи Рамазон нархи бархе навъҳои сабзиҷот ва маводи ғизоӣ дар бозорҳо боло рафтааст. Сокинон тоҷиронро ба инсоф даъват мекунанд, вале тоҷирон мегӯянд, бедалел нархро боло набурдаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳисоботи солонаи худ гуфт, ки соли гузашта даҳҳо тоҷирро барои "беасос боло бурдани нархи маҳсулот" ҷавобгар кардаанд.

Сайлӣ, сокини Душанбе бознишаста аст ва аз шунидани нархи қаланфури булғорӣ, ки 80 сомонӣ шудааст, бо тоҷир баҳс кард. Тоҷир гуфт, аз деҳқон бо чунин нарх қаланфур харидааст.

“Нархҳо беҳад қимат, камтар назорат кунанд, арзонӣ шавад. Охир 160 сомонӣ нафақа мегирам, ба он чӣ гирам? Як кило қаланфури булғорӣ 80 сомонӣ, бодиринг 25 -30 сомонӣ, помидор 30 сомонӣ. Як бандча гашниз 1 сомонӣ, инсоф нест, эй мусулмонҳо,”-гуфт, Сайлӣ.

Нархи як кило помидору бодиринг аз 25 то ба 30 сомонӣ расидааст, ки дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Нархи дигар маҳсулоти ниёзи аввалия низ, ба гуфтаи сокинон, гарон аст. Маъмулан нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон бо фаро расидани моҳи Рамазон боло мераванд, чун сокинон барои ифтор ва меҳмондорӣ бештар харидорӣ мекунанд.

Саломатшо Саидова, сокини пойтахт гуфт, бо чунин нархҳо харидани ғизои дуруст мушкил аст. “Шояд барои одамони доро ягон мушкил набошад. Мо аз ҳамин ярмаркаҳои ҳукуматӣ як кило ё ду кило биринҷу макарон мегирам,”—гуфт, ӯ.

Сокинон бештар барои боло рафтани нархҳо аз тоҷирон гиребонгиранд ва бар ин назаранд, ки онҳо худсарона нархро боло мебаранд.

Алишер, тоҷири бозори “Деҳқон” чунин ақида дорад, ки тағийри нархи маҳсулот ба гарон шудани сӯзишворӣ рабт дорад.

Бар асоси гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон нархи маводи сузишворӣ, аз ҷумла бензину солярка, дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта бетағйир аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳисоботи солонааш гуфт, соли гузашта 121 тоҷир ва афроди масъулро барои "беасос боло бурдани нархи маҳсулот" ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Мастон Шарифов, муовини раиси бозори “Деҳқон” рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, нархҳоро назорат мекунанд ва ба тоҷирон иҷозат намедиҳанд, беинсофӣ кунанд.

“Тамоми намуди маҳсулоте, ки ба бозор ворид мешаванд, аз тарафи нозирони нарх пурсида мешавад, ки бо кадом нарх ба бозор ворид шуда, бо кадом нарх ба фуруш гузошта мешавад. Дар ҳолати беасосо гарон кардани нарх воридоти маҳсулот ба бозорро манъ мекунем,”—гуфт, ӯ.

Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисодшинос мегӯяд, захираи ками маҳсулоти ғизоӣ метавонад яке аз сабабҳои дигари болоравии нархи сабзиҷот бошад. “Ҳамин сол сардӣ сахт буд. Тавре “Тоҷикматлубот” иттилоъ дода буд, 15 то 20 дарсади маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла картошкаву пиёзу сабзӣ, ҳамаи он талаф шуданд. Ҳар сол то миёнаҳои моҳи апрел ҳамон захираҳоро ба бозор мебароварданду мефурӯхтанд. Мақомот ҳамаи инро медонанд,”—гуфт, иқтисодшинос.

Сокинони Тоҷикистон ҳар сол аз афзоиши нархи молу маҳсулот дар арафаи моҳи Рамазон ва дигар идҳо гила мекунанд. Иқтисодонҳо мегӯянд, то замоне, ки ҳукумат шароити сахти соҳибкории хурду миёнаро дар Тоҷикистон осон накунад, арзонӣ намешавад.

Рӯзи 27-уми март Бонки Ҷаҳонӣ хабар дод, ки фақру нодорӣ ва тавони харидории сокинони Тоҷикистон поён рафтааст ва ин бонк барои 110 ҳазор хонаводаҳои камбизоат 37,5 миллион доллар кумак кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро қимати маводи сӯхт поин омад, вале қимати роҳкиро не? ВИДЕОЧаро пеш аз таҷлили "Соли Нав" нархҳо боло рафтанд? ВИДЕОДар Тоҷикистон биринҷ арзон ва тухм гарон шудНархи тухми мурғ боло рафт, мардум сабабашро мепурсанд. ВИДЕОДар Тоҷикистон нархи тухму пиёз гарон, вале равғану биринҷ “арзон шудааст”