Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тухми мурғ боло рафт, мардум сабабашро мепурсанд. ВИДЕО


Растаи тухмфурӯшӣ дар яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз соли 2019
Растаи тухмфурӯшӣ дар яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз соли 2019

Нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон боло рафтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, истеҳсоли он дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Агар ду ҳафта пеш як баста тухм, ки аз 30 дона иборат аст, дар бозору дӯконҳо 31 то 35 сомонӣ буд, ҳоло арзиши он аз 45 то 46 сомонӣ расидааст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки нархҳоро назорат мекунанд, гуфтанд, сокинон аз болоравии нархи тухм шикоят кардаанд ва онҳо ин масъаларо таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 2-юми ноябр дӯконҳои тухмфурӯшӣ камодам ба назар мерасиданд. Дар бозорҳо савдогарон аз кам шудани муштарӣ ва харидорон аз болоравии бесобиқаи нархи тухми мурғ шикоят мекарданд.

Шабнам Акобирова, дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе ба тиҷорати тухм машғул аст. Ӯ рӯзи 2-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, далели боло рафтани тухмро касе барояшон шарҳ дода наметавонад.

"Мо аз нафароне тухмро мегирем, ки аз дигар корхонаҳои мурғпарварӣ меоранд. Мепурсем, ки чаро нархро ин қадар қимат кардед, мегӯянд, ки вирус омадааст, мурғҳо бемор шуда, талаф ёфтаанд, саршумор кам шудааст, барои ҳамин,"--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Гарон шудани нархи тухми мурғ харидоронро маҷбур кардааст, то хариди ин ғизои дар гузашта дастрас ва ниёзи аввалро камтар кунанд.

Амриддин Холмуродов, сокини шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло талош мекунанд, тухмро камтар истеъмол кунанд.

"Акнун гарон, ки шуд 10-15 дона мегирам ва ин ҳам ягон вақт сахт зарур шуд. Беҳтар аст бо ин нарх ба ҷои тухм гушт харем,"-афзуд, ӯ.

Тоҷирон гарон шудани нархи тухмро бар асоси шунидаҳояшон дар кам шудани саршумори мурғ ном мебаранд. Масъулони чанде аз корхонаҳои паррандапарварӣ талаф шудани шумораи бузурги мурғро, ки ба нархи тухим он таъсири назаррас гузорад, рад карданд.

Кормандони корхонаҳои паррандапарварӣ сабаби афзоши нархи тухмро ба гарон шудани ғизои воридотии мурғ ва маводи таркиби ғизо рабт медиҳанд, вале то кадом андоза афзоиш ёфтани нархи хуроки мурғро дақиқ намегӯянд. Дар корхонаи "Фаровон", ки тухми мурғ истеҳсол мекунад, нахостанд дар бораи арзиши хуроки мурғ тафсилоти бештар диҳанд.

"Шояд ба тоҷирон ягон нафар миёнарав чунин гуфта бошад, ки мурғҳо хеле зиёд ҳалок шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон хуроки мурғ истеҳсол намешавад. Ин гуна корхонаҳо, ки талаботро қонеъ кунанд, нест. Ҳама аз хориҷа меояд ва як бор вазъи бозори гандумро дар ҷаҳон бинед. Албатта ин ҳама ба нарх таъсир мегузорад,"-гуфт, як масъули корхонаи паррандпарварӣ, ки нахост исмаш бурда шавад.

Нигарониҳо аз афзоиши босуръати нархи тухм дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори мурғ дар кишвар ба зиёда аз 11 миллион сар расидааст.

Икром Абдураҳмонӣ, сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварии ин ниҳод, рӯзи сеюми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, истеҳсоли тухм “дар 9 моҳи соли ҷорӣ 902 миллиону 728 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 150 миллион дона зиёд аст.”

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба иттилои расмӣ, бештар аз 16 миллион дона тухм ба Афғонистон ва наздики 3 миллион дона тухми "инкубатсионӣ" ба Узбекистон содир кардааст.

Дар Тоҷикистон 215 корхонаи парвариши парранда фаъол аст, ки аз он 102 корхона ба истеҳсоли тухми ғизоӣ машғул аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG