Дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон нархи баъзе аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла тухму шакар, боло рафтааст.
Нархи тухм дар бозорҳои кишвар аз якуним то ду сомонӣ аст.
Бино ба гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал пиёз ва сабзӣ ҳам дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта аз 3 то 11 дарсад гарон шудааст.
Сабаб ҳам кам шудани миқдори захираи онҳо дар анборҳо будааст.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар робита ба ин 60 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 121 масъулро ба ҷавобгарӣ кашиданд.