Аз аввали имсол дар Узбекистон ва минтақаҳои ҳаммарз бо ин кишвар беш аз 250 заминларзаи аз 2,8 то 6,8-баллӣ сабт шудааст.
Дар ин бора намояндагони Маркази ҷумҳуриявии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
"Заминларзаи зуд-зуд барои Узбекистон як падидаи табиӣ аст, зеро он аз лиҳози ҷуғрофӣ дар минтақаи ларзахези баҳри Миёназамин ва Осиё ҷойгир аст", - гуфтанд коршиносон.
Дар Узбекистон давоми 10 соли охир шаш заминларзаи сахти аз 6 то 8-дараҷаӣ сабт шудааст. Дар натиҷа 16 кас ҷон бохта, 54 тани дигар захмӣ шуданд.
Заминларзаи пурқурбонитарин дар Узбекистон 20-уми июли соли 2011 рух дода буд. Маркази ин зилзилаи 6,5-7-баллӣ Қирғизистон буда, дар натиҷаи он 13 узбекистонӣ ҷон бохт.