Толибон дар Хоруғ? Мақомот шарҳ намедиҳанд. ВИДЕО

Шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон.

Хабари омадани ҳайати Толибон ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, ки мақомот онро тасдиқ ё рад намекунанд, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

Миллигароёни тоҷик, ки аз Ҷабҳаи муқовимат, гурӯҳи мухолифи Толибон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ҳимоят мекунанд, ин хабарро “такондиҳанда” номиданд. Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Рӯшан нест, куллан ин хабар ба сари худ чӣ маъно дорад? Оё як амали маъмулист ё оғози ба Толибон дода шудани сафорат ва консулгариҳои Афғонистон дар Тоҷикистон.

Сафир вазъро "нурмол" гуфт

Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 25-уми март хабар дод, ки як ҳайат ба дидани консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, рафтааст. Сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар, ки аз ҳукумати пешини Афғонистон намояндагӣ мекунад, ба ҳақиқати хабаре, ки Толибон пахш карданд, бовар надорад.

Зоҳир Ағбар рӯзи 27-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Толибон иддао кардаанд, ки Хоруғро тафтиш кардему бо қонсул суҳбат кардем, вале мутаассиф ҳастем, ки ҳеч гуна тасвире аз суҳбати худу аз мулоқоташон нашр накарданд. Аз ақиби дарвоза як тасвиреро дуздона аккосӣ карда, дархури матбуот қарор доданд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳайати Толибони Афғонистон бо чӣ ҳадафе ба Тоҷикистон омада буд?

Хабарнигори Радиои Озодӣ чанд маротиба аз Сафири ҳукумати пешини Афғонистон мушаххасан пурсид, ки хабарро рад мекунад ё тасдиқ, аммо Зоҳир Ағбар аз посухи мушаххас ба ин суол худдорӣ кард ва танҳо гуфт, консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хоруғ “дар шакли нурмол аст ва ҳамкорони собиқи мо ба вазоифи худ идома медиҳанд.”

Ин дар ҳолест, ки бинои консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ моҳи феврали имсол дар пайи фаромадани тарма ё баҳман хароб шуд. Вазорати корҳои хориҷии Толибон ҳам гуфтааст, дар ҷараёни сафари намояндагони онҳо ба Хоруғ, масъалаи бозсозии бинои консулгарӣ баррасӣ шудааст.

Мақомот хомӯшанд

Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули генералии Афғонистон дар Хоруғ рӯзи 27-уми март ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надод. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар бораи омадани ҳайати Толибон ба кишвар расман чизе намегӯянд. Талошҳои дарёфти ҳақиқат бисёр душвор аст, чун онҳо ба мансабдорони давлатӣ дастур додаанд, ки дар ин мавзуъ ба расонаҳо чизе нагӯянд. Қатъиян рад нашудани хабар эҳтимоли ҳақиқат доштани онро бештар мекунад.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, ки вазъи Афғонистон ва бахусус тоҷикони он кишварро пайгирӣ мекунад гуфт, агар ҳайати Толибон ба Тоҷикистон омада бошад, “ин заъф ва беэҳтиромӣ” аз тарафи ҳукумат аст.

“Корҳои ваҳшиёнае, ки Толибон мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон ҳақ надорад, ба ҳар шакле онҳоро қабул кунад. Онҳо мардуми миллати моро онҷо қир мекунанд. Эҳтироми инсонӣ ва эҳтиром ба миллати худамон талаб мекунад, ки бо Толибон гуфтушунид накунем ва онҳоро роҳ надиҳем,”-афзуд Аҳмадшоҳ Комилзода.

Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ошкоро аз ҳукумати Толибон интиқод мекунад. Вале дар муддати якуним соли дар сари қудрат будани ин гурӯҳи тундрав, додугирифтҳо бо Афғонистон зиёд шудааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон 1,7 млрд. киловат барқ содир кардааст, ки назар ба як соли пеш зиёдтар аст. Инчунин солона аз Тоҷикистон миллионҳо тонна семент ва ангишт ба Афғонистон ва аз тариқи он кишвар ба Покистон содир мешавад.

"Тоҷикистон бояд муносибат кунад"

Бархе коршиносон бо ишора ба ҳамин вазъ мегӯянд, зиддияти Тоҷикистон бо Толибон наметавонад абадӣ бошад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик гуфт, баъди якуним соли ғасби қудрат дар Афғонистон, ҳукумати Толибонро касе ба расмият нашинохт, вале “вуҷуди онҳоро ҳама эътироф кардаанд.”

Ба таъкиди Қодиров, “Тоҷикистон ҳам бо ин ҳамсояи худ бояд муносибат кунад. Мо расмияти ҳукумати онҳоро эътироф намекунем, вале мавҷудияташонро дар сари қудрат дар Афғонистон бояд эътироф кунем, ин воқеият аст. Ба ин хотир, ба ин ё он роҳ бояд муносибат кунем. Бахусус, дар сурате, ки қариб ҳамаи ҳамсояҳои мо бо онҳо бо ин ё он сурат рафту омад ва ё муносибат доранд."

Аз сӯи дигар бархе расонаҳо, нармиши Тоҷикистон дар баробари Толибонро ба таъсири Русия ва Чин рабт медиҳад. Ду кишвари муҳими минтақа, ки шарикони стратегии Тоҷикистон низ ҳастанд, дар заминаи манфиатҳои миллии худ аз Толибон ҳимоят мекунанд. Аз ҷумла, Русия ва Чин то ин дам дипломатҳои Толибонро дар кишварашон аккредитатсия кардаанд.

Аз ҳоло маълум аст, ки равобити Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон чандон осон нахоҳад буд. Ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат, ҳузури гуруҳи Ансоруллоҳ ва тундравони дигари тоҷикистонӣ дар зери чатри толибҳо дар Афғонистон аз ҷумлаи монеаҳо дар роҳи беҳбуди равобит дониста мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Толибон мегӯянд, ба консулгарии Афғонистон дар Хоруғ рафтандТолибон иддао кардаанд, ки волии Балхро шаҳрвандони Тоҷикистон куштандНақшаҳои Толибон: Ҳамкории байнулмилалӣ ё гапе барои дохил? ВИДЕОТолибон Қуштеппаро "дар якдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" месозанд?