Чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия сурхакон шудаанд

Ваксинаи зидди сурхакон

Идораи беҳдоштии Русия гуфтааст, чанд муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург ба бемории сурхакон гирифтор шудаанд.

Ба қавли ниҳоди мазкур, дар ин шаҳр 11 гирифтори бемории сурхакон ошкор гардидааст, ки ду бемор аз Тоҷикистон ворид шудаанд. Ҳафт бемор кӯдакон будаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам охири моҳи январ аз интиқоли ҷасади як ноболиғе хабар дод, ки аз бемории сурхакон дар вилояти Ленинград ҷон дод. Ба иттилои сафорат, навраси тоҷик рӯзи 25-уми январ дар пайи гирифторӣ ба ин беморӣ фавтида буд.

Моҳи ҷорӣ Сардухтури давлатии беҳдории Русия қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он дар тамоми манотиқи ин кишвар алайҳи бемории сурхакон маъракаи эмкунӣ гузаронида мешавад. Кӯдакону калонсолон, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ, ки зидди сурхча ваксина нагирифтаанд ва қаблан ин бемориро надоштанд бояд эм шаванд.

Бемории сурхакон зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад ва дар сурати беэътиноӣ ба муолиҷа метавонад сабаби марг шавад. Дар Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ дар яксолагӣ ва шашсолагӣ кӯдаконро эм мекунанд.