Бо вуҷуди хатари сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина, муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистону Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кӯшиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо шиносномаи русиро як роҳи осони кору зиндагӣ ва халосӣ аз чанги пулис медонанд. Хабарнигорони тарҳи “Мигрант Медиа” бо ду қирғизистоние суҳбат карданд, ки ба наздикӣ шиносномаи русии худро ба даст мегиранд.
Аҷиқул яке аз садҳо муҳоҷири қирғиз аст, ки корро дар Русия як манбаи асосӣ барои таъмини оилааш медонад.
Ӯ духтури асаб аст. Дар Бишкек бо маоши ночиз кор мекард ва барои беҳ кардани рӯзгор чанд сол пеш ба Маскав кӯчид.
Ба умеди дарёфти кори хуб ҳоло ихтисоси ҷарроҳи пластикиро меомӯзад ва ҳамзамон ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрвандӣ супурдааст.
“Эҳтимоли ба ҷанг бурдани ман кам аст. Донишҷӯям. Комиссариатҳои ҳарбӣ ба донишҷӯён кор надоранд. Якуним ду соли дигар метавонам ором бигардам. Ду сол боз дар фикри дарёфти шаҳрвандӣ ҳастам. Агар артиши Русия ба ман ниёз дорад ва мехоҳад ба ҷанг равам, дигар илоҷ нест, маҷбурам меравам,” – мегӯяд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Номи "чанд тоҷик, узбек ва қирғиз" дар қабристони "вагнериҳо". ВИДЕОСамад, муҳоҷири дигар аз Қирғизистон, ҳам мехоҳад, шаҳрванди Русия шавад.
Ба хотири зудтар гирифтани шиноснома чанд моҳ пеш ҳуҷҷатҳояшро ба комиссариати ҳарбии ҷои зисташ пешниҳод кард.
Хоҳиш кардааст, ки ӯро дар сафи пизишкони низомӣ ворид кунанд, то дар ҷанг одам накушад ва баръакс сарбозонро аз марг наҷот диҳад.
"Ҳуҷҷати зиёд ҷамъ меорӣ, аз ташхиси тиббӣ мегузарӣ, ҳолати равониатро месанҷанд, то ақидаҳои, масалан, террористӣ надошта бошӣ. Баъд мегӯянд, ки интизор бош. Ман чаҳор моҳ боз мунтазирам. Агар ба артиш бигиранд, дар давоми панҷ рӯзи корӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешавам,” – нақл кард ӯ.
Самад ва Аҷиқул умед доранд, бо шиносномаи русӣ соҳиби кору зиндагии беҳтар мешаванд ва дигар аз азоби патенту ҳуҷҷатгирӣ халос мешаванд.
Вале оё талоши расидан ба ҳадаф аз роҳи хатарнок дуруст аст? Коршиносон бо нигаронӣ мегӯянд, ҳатто хатари кушта шудан дар ҷанг ҳам бархе аз муҳоҷиронро аз роҳ намегардонад.
Эрик Марат, сиёсатшинос аз Донишгоҳи амнияти миллӣ дар Вашингтон, гуфт: “Аллакай медонем, ки даҳҳо ҷасад аз минтақаи ҷанг ба ватан оварда шудаанд. Касе намедонад чӣ мешавад. Ин ҷанги бераҳмона аст ва аз ҳарду ҷониб мардуми осоиштаи зиёде кушта мешаванд. Ин бузургтарин хатар ба ҷони худ аст, ки чизе арзишашро надорад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тобути 4 тоҷики зиндониро аз Русия овардаанд. Мотам дар Ванҷу Ҳисор. ВИДЕОБо ин ҳама, ба иттилои расмӣ, шумори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки талош доранд шаҳрвандии Русияро бигиранд, афзун мешавад.
Соли 2022 174 ҳазор тоҷикистонӣ, 23 ҳазор қирғизистонӣ ва 27 ҳазор узбекистонӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.