Додситонии кулли Тоҷикистон зиёда аз якуним ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро барои додани қитъаи замин ғайриқонунӣ эълон карда, нисбат ба 252 нафар парванда кушодааст.
Дар ин бора додситони кул, Юсуф Раҳмон, дар гузориши солонаи худ ба Маҷлиси Миллӣ хабар дод. Дар гузориш, ки рӯзи 18-уми март дар сомонаи Додситонии кул нашр шуд, аз чанд мансабдор ном гирифтаанд, вале чӣ ҷазо гирифтани онҳо маълум нест.
Юсуф Раҳмон аз он нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз заминфурӯшӣ, ҳанӯз ҳам "тақсими ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд.”
Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст.
Сокинони зиёде дар бораи замин ба Радиои Озодӣ шикоят мекунанд. Дар аксар ҳолат онҳо аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа шикоят мекунанд.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2020 нишон дод, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳаовар ва осон дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби қитъаи замин шудаанд. Баъзе аз онҳо ба раиси онвақтаи ноҳия наздикӣ доштанд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, дар як соли гузашта беш аз 41 ҳазор сокини кишвар дар пайванд ба баҳси замин муроҷиат карданд. Онҳо аз тафтишоти пешакӣ ва санадҳои додгоҳӣ дар ин маврид норозигӣ намудаанд.