Евгений Пригожин, сарватманди ҳампаймони Владимир Путин, гуфт, беш аз панҷ ҳазор маҳбус дар Русия баъди пайвастан ба сафи созмони низомии "Вагнер", иштирок дар ҷанги Украина ва анҷоми қарордод афв шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо 0,31 дарсади онҳо дубора ҷиноят содир кардаанд. "Ин нишондод аз меъёри муқаррарӣ 10-20 маротиба камтар аст," -- иддао кард Пригожин.
Дар бораи теъдоди зархаридорони афвшудаи "Вагнер" маълумоти расмӣ дар даст нест.
Аз ин пеш Евгений Пригожин гузоришҳоро дар бораи онки созмони "Вагнер" амалиёти низомии худро дар Украина коҳиш дода, ба ҷойи он ба Африқо тамаркуз хоҳад кард, рад намуд.
Bloomberg рӯзи 23-юми март ба нақл аз манобеаш навишт, камбуди лавозимоти ҷангӣ ва кадрӣ Пригожинро водор кардааст, ки нақши "Вагнер"-ро дар Украина бознигарӣ кунад.
Ин созмони хусуси ҳарбиро дар чанд кишвар террористӣ эътироф кардаанд.