Дархости Озодӣ барои кушодани суратҳисоби бонкӣ рад шуд

Додгоҳи шаҳри Бишкек дархости бахши қирғизии Радиои Озодиро дар робита ба боз кардани суратҳисобҳои бонкии ин радио рад кард. Ин қарор рӯзи 23-юми март пушти дарҳои баста қабул шуд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 21-уми декабри соли 2022 дар асоси муроҷиати Вазорати корҳои дохилии он кишвар суратҳисобҳои бонкии бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа"-ро баст.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.

Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​