Сафири пешин: Интихоботи Қазоқистон бисёриҳоро ноумед кард

"Интихобот, зоҳиран, бисёрии қазоқистониҳоро ноумед ва хатари нооромиҳои иҷтимоиро бештар кард," -- гуфт Уилям Кортни, сафири пешини Амрико дар Қазоқистон. Кортни солҳои 1992-1994 дар Қазоқистон сафир буд. Вай айни замон дар маркази пажуҳишии RAND Corporation дар Иёлоти Муттаҳида кор мекунад.

Уилям Кортни дар як мусоҳиба бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми март гуфт, "ҳукумат ҳамаи талошро кард, ки мухолифонро ба интихобот роҳ надиҳад. Бархеҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карданд, дигарҳоро таъқиб. Ҳукумат фаъолони шаҳрвандиро ҳабс кард".

Ба бовари Корни, "дар умум ин интихоботи рақобатпазир набуд, балки идомаи интихоботҳои анъанавии даврони Назарбоев буд".

Ба бовари сафири пешини Амрико дар Қазоқистон, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва нобаробарӣ боис ба нооромиҳои ибтидои соли 2022 шуд. Ин мушкилиҳо то ҳол ҳалношуда мондаанд.

"Интихоботи президентӣ ва порлумонӣ, ки ноодилона ва ноозод буданд, шароитро беҳ намесозанд. Аз ин хотир эҳтимоли нооромиҳо боқӣ мондааст ва ноумедӣ аз интихоботҳои ахир эҳтимолҳоро бештар кардааст", - гуфт Кортни.