Дар маросиме, ки 19-уми март барпо гардид, табиби тоҷик Шаҳло Шарифова барои кори бомуваффақияти созмони ёрирасонаш ба оилаҳое, ки дорои бемории аутизм ё дархудмондагӣ мебошанд, бо ҷоизаи солонаи ба номи “Агнес Макфил” қадрдонӣ шуд. Ҷоизае, ки ба номи аввалин сиёсатмадори зан ва узви порлумони Канада таъсис шудааст, кори панҷсолаи созмони Шарифова бо номи “Шабакаи кӯмак ба аутистони Торнклиф Парк” (исми маҳаллае дар Торонто)-ро қадрдонӣ намуд. Ин созмон ҳоло бо 70 хонаводаи муҳоҷирони конодоӣ, аз ҷумла, ҷомеаи мусалмонон дар кумак ва дифоъ аз ҳуқуқи гирифторони аутизм кор мекунад. Ӯро бештар бо номи “Доктор Шаҳло” мешиносанд.
“Доктор Шаҳло”. Зани тоҷик дар Канада ҷоиза гирифт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Собиқ табиби тоҷик барои кӯмакҳояш ба муҳоҷирони дигар дар Канада соҳиби ҷоизаи шаҳрдории Торонтои Канада шуд. Дар маросиме, ки 19-уми март барпо гардид, табиби тоҷик Шаҳло Шарифова барои кори бомуваффақияти созмони ёрирасонаш ба оилаҳое, ки дорои беморони аутизм мебошандЮ, қадрдонӣ шуд.