Боздошти шаш корманди гумруки Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаш мансабдори баландпояи Хадамоти гумруки он кишварро бо гумони таъсиси шабакаи устувори ғайриқонунии воридоти мол аз Чин боздошт кардааст.

Яке аз боздоштшудаҳо хеши наздики додситони кулли он кишвар Қурманқул Зулушев аст. Ин боздошт баҳсҳоеро ба миён овардааст, ки миёни ду ниҳоди қудратии Қирғизистон таниш ҷой дорад.

Дар бораи боздошти шаш корманди гумрук мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 18-уми март хабар доданд. Боздоштшудаҳо дар таъсиси низоми фасодолуди қочоқи мол аз Чин гумонбар мешаванд.

"Ширкатҳои алоҳида, бо истифода аз ҳимояти мансабдорони Хадамоти гумрук, интиқоли моли Чинро тавассути Қирғизистон ба Узбекистон сабт мекарданд. Аммо дар асл мошинҳо дар ҳудуди Қирғизистон холӣ шуда, танҳо мошинҳои борбари холӣ ба Узбекистон мегузаштаанд", - хабар медиҳанд мақомоти амниятии Қирғизистон.

Корбарони қирғизистонии шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти бародари ҳамсари додситони куллро, таниши Кумитаи амнияти Қирғизистон ва Додситонии кул медонанд.