Дидори Раҳмон ва Гутерриш дар арафаи форуми оби тоза

Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш

Тоҷикистон аз интиқоли ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, "ба ин мақсад кишвари мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намуд".

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш рӯзи 21-уми март дар Ню-Йорк баргузор шуд. Ҷаноби Раҳмон барои иштирок дар нишасти бахшида ба об дар Амрико қарор дорад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, "нерӯи сабз" ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои асосии мулоқот будааст.

Дақиқ нест, ки оё дар ин суҳбат вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуда ё не.

Пештар як гуруҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулони Созмони Милал гӯшзад карда буданд, ки дар нишасти об мавзӯи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдиро дар Тоҷикистон аз ёд набаранд.

Дар ҳоле ки, ба навиштаи онҳо, "мақомоти Тоҷикистон мардуми худро, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бераҳмона ҳадаф қарор медиҳанд."

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумат дар Аврупо, низ дар изҳороте гуфт: "Дар соату дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳо ба шиканҷаи садҳо дигарандеш идома медиҳанд. Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад."

Намояндагони Созмони Милал ва мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот вокуниш накардаанд.

Сомонаи президент навишт, ки рӯзи 21-уми март Эмомалӣ Раҳмон "тоҷи кунгурадор"-ро, ки бозёфти нотакрори таърихӣ меноманду "ба ибтидои давлатдории Кушониён" пайванд медиҳанд, ба Созмони Милал тақдим кардааст.

"Ин нигора таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад," – навишт манбаъ.

Намоишгоҳи "Таърихи рушди Тоҷикистон" дар Созмони Милал низ дар ҳамин рӯз ифтитоҳ шуд. Чизе, ки мақомот онро "муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон ва фарҳанги ғаниву қадима" медонанд, вале дар он ишорае ба озодӣ ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон накардаанд.