Заминларзаи сахт шоми 21-уми март Тоҷикистонро такон дод.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гузориш доданд, ки "баъзе аз сокинон ба берун баромаданд".
Ба иттилои корбарон, дар Хуҷанд, Дарвоз, Панҷакент, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Деваштич ва гӯшаҳои дигари кишвар заминларзаро ҳис кардаанд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, заминларза соати 21:47, шоми 21-уми март, сабт шуд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, "маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистона буда, дар марказ қувваи заминларза аз 7 бал зиёд ва дар шаҳри Душанбе 5 балро ташкил дод."
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, бар асари заминларза дар Тоҷикистон то ин дам “хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, маркази заминҷунбӣ дар Ҷурми Афғонистон, вилояти Бадахшон, буда, шиддаташ дар онҷо ба беш аз 6 дараҷа мерасид.
Заминларзаро бештар дар Кобулу Мазори Шариф ва гӯшаҳои дигари шимоли Афғонистон эҳсос кардаанд. Дар Кобул ва Мазори Шариф бархе аз мардум аз бими таконҳои баъдии зилзила аз хонаҳои худ берун шуда, муддати дароз дар берун мунтазир монданд.
Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, зилзилаи сахт бахшҳое аз Покистонро такон дод. Аз Ҳиндустон низ гузориш расид, ки зилзила дар Деҳлӣ маҳсус будааст.
Заминларзаи сахт Узбекистонро низ ларзонд. Мақомоти ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфтанд, шиддати заминларза ба 5,6 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.