Амрико танқид кард, ки ҳукумат дар Тоҷикистон 31 сол боз дар дасти як нафар аст

Эмомалӣ Раҳмон

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико Тоҷикистонро давлати худкомае номид, ки аз соли 1992 ба ин сӯ дар дасти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдоронаш ҳаст.

Бар асоси гузориши вазорат аз 20-уми март дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон (2022), Қонуни асосӣ низоми бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон иҷоза дода, вале ҳукумат монеи плюрализм ё гуногунандешии сиёсист.

Муаллифони гузориш навиштаанд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Раҳмон, ки дар моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ шуд, амалан ба шахси дувуми ҷумҳурӣ ва вориси тахти падар табдил ёфт.

"Интихоботҳои порлумонӣ ва президентии соли 2020 на озод буданд, на одилона… Ҳама сохторҳои қудратӣ ва Хадамоти гумрук мустақим ба президент итоат мекунанд. Ба гузоришҳои расида, маъмурони амниятӣ ба қонуншикании зиёд даст мезананд," – омадааст дар гузориш.

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон дастрас нест. Мансабдорони тоҷик дар гузашта ҳар гуна арзёбии байнулмилалиро дар бораи озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи одамон дар кишвар нокомил ва якҷониба номидаанд.

Бобати дарозумрии сиёсии Раҳмон онҳо гуфтаанд, ки вай дар интихоботҳо ва аз байни чанд рақиб пирӯз шуд ва ба ин мақом расид. Вале созмонҳои байнулмилалӣ ҳеч як аз интихоботҳои Тоҷикистонро озоду одилона ва шаффофу демократӣ нашумурдаанд, ҳарчанд нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) онҳоро намунаи барҷастаи рақобати интихоботӣ ва орӣ аз ҳама гуна қонуншиканӣ номидаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар идома бо чанд далел

  • боздошту ҳабс ва кушторҳои худсарона;
  • шиканҷа ва муносибати бераҳмона;
  • шароити сахти зиндонҳо;
  • ҳабсҳои сиёсӣ;
  • маҳдудиятҳои ҷиддии озодии баёну дин;
  • таҳдид ба журналистон;
  • нотавонии мардум барои бо интихобот дигар кардани ҳукумат;
  • коррупсия дар идораҳои давлатӣ;
  • таъқиби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари дохилӣ ва байнулмилалӣ ва кори кӯдаконро аз мушкилҳои вобаста ба ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон номбар кардааст.

Департаменти давлатии Амрико ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардааст, ки барои муайяну санҷиш ва таъқибу муҷозоти мансабдорон барои фасод ё нақзи ҳуқуқи инсон кам чора мебинад.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро ба нодида гирифтани ҳуқуқи мардум ва маҳдудияти озодиҳои бунёдӣ танқид мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон дар як арзёбии байнулмилалӣ дар қатори Туркманистон ва Чину Сурия "давлати пӯшида" номбар шуд. Ин баҳои бадтарини CIVICUS Monitor ба Тоҷикистон буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гуфта буданд, ки "дар қудрат намемонам", "диктатура намесозам" ва "зидди пешвопарастиям". Ҳоло чӣ? ВИДЕО