Хонаи кормандони "Мемориал"-ро дар Русия кофтукоб карданд

Пулиси Русия рӯзи 21-уми март хонаи чанд корманди Маркази барҳамхӯрдаи "Мемориал"-ро кофтукоб кардааст.

Дар ин бора намояндагони марказ дар Твиттер хабар доданд.

Як вакили гурӯҳ ба "Новая газета" гуфт, пулис хонаи Олег Орлов, Никита Петров ва Ян Рачинскийро тагурӯ кард.

Мақомоти Русия дар моҳи декабри соли 2021 бар асоси қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" дастур доданд, ки "Мемориал" барҳам дода шавад.

Ин созмон соли гузашта ҳамроҳи дигарандеши зиндонии беларусӣ Алес Бялятский ва Маркази озодиҳои шаҳрвандии Украина барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.