Ҳамлаҳои Русия ба Донетск афзудааст. Сафари сарвазири Ҷопон ба Киев

Донетск, Украина

Низомиёни Украина 21-уми март гуфтанд, ки Русия дар шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳоро ба Донетск афзоиш додааст.

Ин дар замонест, ки сарвазири Ҷопон ба нишони пуштибонӣ аз набарди Украина алайҳи Русия дар роҳ ба Киев аст.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина дар гузорише гуфт, мудофеони украинӣ 120 ҳамларо, ки асосан ба Бахмут равона шуда буд, зада баргардонданд. Ин шаҳр нуқтаи асосии набардҳои як моҳи охир аст. Ҷое, ки ҳарду тараф талафоти зиёд додаанд.

Манбаъ афзудааст, русҳо инчунин кӯшиш карданд, дар Авдиевка, Лиман, Маринка ва Шахтерск пеш бираванд. Артиши Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар 11 нуқтаи аҳолинишин ҳадафҳои ғайринизомӣ ва инфрасохторро тирборон карданд.

Нерӯҳои Украина ҳамчунин ҳамлаҳои Русияро дар Купянск, дар шимоли Харков, рафъ намудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон рӯзи 21-уми март гуфт, ки нахуствазир Фумио Кишида барои мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский ба Киев меравад. Телевизиони NHK лаҳзаи ба қатор нишастани Кишидаро дар Лаҳистон нишон дод.

Мулоқоти Кишида бо Зеленский дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамтои чинии худ Си Ҷинпинро пазироӣ кард.