Соли гузашта 108 ҷавонро барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷазо додаанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ин бора ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Миллӣ гузориш дод, вале нагуфт, ки ҷавонон чӣ ҷазо гирифтаанд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, ҷавонони аз 18 то 27-сола бояд хидмати ҳатмии ҳарбиро адо кунанд.
Яккаписарон, донишҷӯён дар давраи таҳсил, беморон ва онҳое, ки зиёда аз як фарзанд доранд, аз хидмат озоданд.
Ҳамасола дар баҳору тирамоҳ дар кишвар даъвати ҷавонон ба артиш сурат мегирад ва дар ҳар мавсим шикоят аз маҷбурӣ ҷалб кардани шаҳрвандон ё облава расонаӣ мешавад.
Мақомот ҷой доштани ин ҳолатҳоро тасдиқ намекунанд, ҳарчанд шикояти волидон зиёд аст.