400 ҳазор муҳоҷирро аз Маскав "депорт" кардаанд

мухочирони шаҳри Маскав

Дар як соли гузашта ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Маскав хориҷ кардаанд. Дар қиёс бо соли 2021 ин рақам 50 дар сад бештар будааст.

Дар ин бора Олег Баранов сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав зимни ҳисоботаш дар маҷлиси шаҳрӣ хабар дод. Дар ин муддат барои ба роҳ мондани муҳоҷирати ғайриқонунӣ 106 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мақомдори рус мегӯяд, соли гузашта ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26 дарсад камтар шудааст. Аммо бо ин вуҷуд ҳоло дар Русия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон бештар будааст. Шумораи зодагони Тоҷикистон дар Маскав соли 2022 191 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Тибқи омори низоми давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират дар маҷмӯъ 27 дар сади муҳоҷирон дар Маскав тоҷикон будаанд. Теъдоди шаҳрвандони Узбекистон тақрибан 231 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.

Аз аввали имсол дар Русия нисбат ба муҳоҷирон амалиёти густурда идома дорад. Муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки ҳама рӯза дар роҳу хиёбон ва нақлиёти мусофирбар бо ҳар баҳона онҳоро боздошту барои тафтиш ба идораҳои пулис мебаранд.

Дар як наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, чӣ гуна дар аввали моҳи март даҳҳо зодаи Тоҷикистонро зери назорати мақомоти интизомӣ аз фурудгоҳи Маскав ба кишвар “депорт” мекунанд.