Дар Молдова "забони руминӣ"-ро дар қонунгузорӣ ҷой карданд

Порлумони Молдова

Вакилони порлумони Молдова бо қабули тарҳе "забони руминӣ"-ро дар қонунгузории ин кишвар дохил карданд.

Лоиҳаро Ҳизби раисҷумҳури ғарбгаро, Майя Санду, пешниҳод намуд.

Қонунгузорони коммунист ва ҷонибдори Русия муқобил баромаданд.

Номгузории забони расмӣ дар Молдова мавзӯи доғу баҳсбарангези сиёсӣ аст.

Ин кишвар бо тақрибан 2,7 миллион аҳолӣ дар байни Украина ва Руминия ҷойгир аст.

Бо Руминия таъриху фарҳанг ва забони муштарак дорад. Ба мисли Тоҷикистону Эрон, ки забону таърихи ягона доранд, аммо хату номи гуногун.

Молдова, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо, дар пайи ҷанги Русия дар Украина бо бесуботии бештар рӯбарӯ шудааст.

Ин кишвар ҳазорҳо фирории украиниро пазируфт, вале дар айни замон аз ҳамлаи эҳтимолии Русия, ки нерӯҳояш дар минтақаи ҷудоихоҳи Приднестровия ҷойгиранд, ҳарос дорад.