Бузургтарин сомонаи порнографӣ дар ҷаҳон - "Pornhub" эълони ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русияро нашр кард. Дар ин бора як қатор саҳифаҳо дар Телеграм бо истинод ба корбароне, ки видеои эълонро фиристодаанд, хабар доданд.
Дар видео, ки суханҳои қабеҳ дорад, гуфта мешавад, "Вагнер" ҷанговаронро аз тамоми минтақаҳои Русия интихоб мекунад ва дар охир аз корбарон даъват мешавад, ки "ба ҷои лаззат бурдан аз тамошои порнография дар "Вагнер" ба кор дароед".
Ҳамчунин қайд шудааст, ки рақами телефони дарҷшуда дар видео ба намояндагони "Вагнер" тааллуқ дорад.
Раҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин ба суолҳо дар бораи он ки "оё воқеан намояндагони ширкат дар "Pornhub" эълон нашр кардаанд?" ва "Оё чунин эълон самаре хоҳад дод?", гуфтааст, "ҷойгир кардани эълон дар сомонаҳои порнографӣ фикри хеле хуби мубаллиғони мост. Ман бо онҳо комилан розӣ ҳастам..."
Евгений Пригожинро яке аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин меноманд. Зархаридони "Вагнер", ки дар миёнашон маҳбусон ҳам ҳастанд, дар ҷанги Украина ва амалиёт дар Африқо ва Сурия иштирок мекунанд.