Шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки дар 8 мактаби пойтахти ин кишвар ҳангоми танаффсус ба ҷои занги анъанавӣ мусиқии ватандӯстона садо диҳад.
Ҳадаф аз ин иқдом “эҷоди ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба ватан дар дили кудакон" гуфта шудааст.
Шаҳрдории пойтахти Қирғизистон афзуда, ки дар ҳашт муассисаи таълимӣ оҳангҳои оҳангсозон ва навозандагони маъруфи он кишвар, аз қабили Нурак Абдраҳмонов, Асилбек Насридинов ва Зокирбек Дуйшеналиев садо хоҳад дод.
Тарҳи мазкур дар доираи фармони президент Содир Ҷабборов "Дар бораи дастгирии давлатии ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии Қирғизистон" таҳия шудааст.