Миллионерҳои Русия пулҳои худро берун мебаранд

Сарватмандони Русия, ки дар ҳисобҳои бонкияшон беш аз миллион доллар ҳаст, талош доранд, пулҳои худро аз бонкҳои ин кишвар бозпас гиранд.

Таҳқиқоти ширкати "Frank RG" нишон додааст, ки пасандози сарватмандони рус дар соли гузашта 20 дарсад кам ва сармоягузории онҳо ба амволи ғайриманқул дар кишварҳои хориҷ, ки зидди Русия таҳрим эълон накардаанд, зиёд шудааст.

Барои намуна, сарватмандони русиягӣ танҳо дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба 800 миллиард рубл амволи ғайриманқул харидаанд.

Тибқи иттилои "Frank RG", русиягиҳои сарватманд бештар дар Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Қибрис (Кипр) амвол мехаранд.

Русиягиҳо соли гузашта дар ин кишварҳо ба маблағи зиёда аз 1 триллион рубл амвол харидаанд. Инчунин, баъзе аз онҳо пулу тилоҳои худро ба бонкҳои хориҷӣ интиқол медиҳанд.

Тибқи ҳисоби Бонки марказии Русия, соли 2022 интиқоли пул ба бонкҳои хориҷӣ тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст аз 2,3 триллион (беш аз 30 миллиард доллар) ба 6,63 триллион рубл (79,5 миллиард доллар) расидааст.