Вазорати дифои Русия тасмим дорад, 400 ҳазор нафарро ба хидмати қарордодӣ ҷалб кунад.
Бино ба гузориши расонаҳо, Вазорати дифоъ бо ирсоли як дастур ба минтақаҳо шумори афродеро муайян кардааст, ки бояд дар ҳуҷҷатҳои зарурӣ имзо гузоранд.
Гуфта мешавад, марҳилаи нави “маъракаи васеъмиқёсӣ иттилоотӣ” барои сафарбарӣ ба артиш ҳамзамон бо оғози мавсими даъвати баҳорӣ аз якуми апрел шуруъ хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи вазорат дар минтақаҳои Челябинск ва Свердловск бояд 10 ҳазор нафарӣ ва аз вилояти Перм 9 ҳазор кас ба хидмат ҷалб шаванд.
Дар минтақаи Воронеж даъвати мардум ба комиссарияти ҳарбӣ шуруъ шудааст. Ба сокинон дар хона ва ҷойи кор даъватнома месупоранд.
Мақомоти Русия иддао доранд, ки ин кор "танҳо барои нав кардани маълумоти комиссариатҳои ҳарбии Воронеж" сурат мегирад.
Як манбаи нашрияи “Верстка” дар ниҳодҳои қудратии вилояти Воронёж гуфтааст, зимни ин даъватҳо ба хоҳишмандон пешниҳоди ширкат дар ҷанги Украинаро мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, дигарбора эҳтимоли эълони мавҷи дуюми сафарбаркуниро ба артиш рад кард.
Русия дар моҳи сентябри соли гузашта сафарбаркунии нисбиро ба хидмат дар артиш эълон кард ва Вазорати дифои ин кишвар он замон гуфт, тибқи нақша бояд 300 ҳазор нафар ҷалб шаванд.
Дар охири моҳи октябр Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, хабар дод, ки нақша иҷро шуд ва барои ҷалби сарбозони иловагӣ ягон амри дигар тасвиб нашудааст. Фармон дар бораи анҷомӣ сафарбарӣ ба хидмат ҳам имзо нашуд.