Як муҳоҷирро, ки баъд аз муроҷиати видеоияш дар ноҳияи Клинскии шаҳри Маскав худро ба дор кашид, ба Тоҷикистон овардаанд.
Мақомоти ноҳияи Вахш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Наҷибулло Қурбоналиеви 24-сола рӯзи 12-уми март дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати Тоҷикобод дафн шуд.
Тани беҷони ҷавонро наздиконаш рӯзи 9-уми март аз ҳуҷраи хобаш дар Маскав ёфта, ба Тоҷикистон овардаанд.
Пеш аз худкушӣ ӯ дар муроҷиати видеоӣ аз падару модараш узр хоста, гуфтааст, натавонист, қарзҳояшро бигардонад ва ғами зиёд дорад.
Муҳоҷири ҷавон дар ин навор аз падараш хостааст, ҷасадашро дар Русия дафн кунад, чун намехоҳад модараш мурдаи ӯро бубинад.
Қурбоналӣ Зафар, падари Наҷибулло Қурбоналиев мегӯяд, писараш чаҳор сол боз дар Русия буд. Ба қавли падар, писараш дар як ширкати сохтмонӣ кор мекард, вале дар бораи қарздор буданаш хабар надошт.