Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов, тавассути ширкатҳои оффшорӣ дар шаҳрҳои гуногун, аз Лондон то Ҳонгконг ба маблағи 240 миллион доллар амволи ғайриманқул харидааст.
Хабарнигори "BBC News" Энди Веритӣ дар асоси гузориши созмони "Freedom For Eurasia" навиштааст, Каримова бо пулҳое, ки бо ришвахорӣ ва фасодкорӣ ба даст оварда буд, чандин хона ва ҳавопаймо харидааст ва дар ин кор ба ӯ ширкатҳои бритониёӣ кумак кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои муҳосиботие, ки дар шаҳри Лондон ва ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудаанд, дар бастани қарордодҳо ба Каримова мусоидат кардаанд.
Энди Веритӣ гуфтааст, гузориши "Freedom For Eurasia" талошҳои Бритониёро дар мубориза бо амволи ғайриқонунӣ зери суол қарор медиҳад.
"Нигаронкунанда ин аст, ки Каримова ба осонӣ дар Бритониё амволи ғайриманқул харидааст", - омадааст дар гузориш.
Тадқиқотгарони "Freedom For Eurasia" муайян кардаанд, ки Каримова то замони боздошт шуданаш дар Бритониё, Швейтсария, Фаронса, Дубай ва Ҳонгконг на камтар аз 14 амволи ғайриманқул харидааст.
Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.