Набарди сахт барои Бахмут. Украина ва Русия аз "вазъи мушкил" гуфтанд

Фармондеҳони Украина ва Русия вазъро дар Бахмут “мушкил” номиданд. Ҷанги ду тараф барои зери назорат гирифтани ин шаҳр дар вилояти шарқии Донетск ҳафтаҳо боз ҷараён дорад.

Нерӯҳои Украина рӯзи 13-уми март гуфтанд, дар 24 соати гузашта чанд мавҷи ҳамлаҳои Русияро дар Бахмут ва атрофи он зада баргардонданд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузорише гуфт, “рӯзи гузашта нерӯҳои мо 102 ҳамлаи душманро зада баргардонд.”

Бино ба ин гузориш, бо вуҷуди “талафоти қобили мулоҳиза” нерӯҳои Русия ба ҳамлаи пайиҳами худ идома медиҳанд.

Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, дар чанд минтақаи дигари атрофи Бахмут – Лиман, Авдиевка, Марйинка ва Шахтёрск – даргириҳои сахт идома дорад.

Ҷудо аз ин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Украина генерал Александр Сирский рӯзи 13-уми март гуфт, “вазъият дар атрофи Бахмут мушкил мемонад”.

Сирский дар паёме дар Telegram навишт, нерӯҳои украинӣ дар Бахмут ба ҳамлаҳои пайвастаи зархаридони ширкати хусусии “Вагнер”-и Русия, ки борҳо кӯшиши расидан ба маркази шаҳрро доштанд, дучор шудаанд. “Кӯшишҳои душман барои забти шаҳр бо тӯпу тонкҳо рафъ карда мешаванд,” -- гуфт Сирский.

ТАСС, хабаргузории давлатии Русия, рӯзи 12-уми март аз қавли Евгений Пригожин, раиси созмони низомии "Вагнер", навишт, артиши Украина ба Бахмут “захираҳои зиёд” мефиристад.

“Вазъият дар Бахмут душвор аст, бисёр душвор... Ҳар қадаре, ки ба маркази шаҳр наздик шавем, ҳамон андоза шиддати ҷанг меафзояд,” – афзудааст ӯ.

Иддаои ҳарду ҷонибро мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад, аммо таҳлилгарони низомӣ мегӯянд, ҳам Русия ва ҳам Украина талафоти зиёд додаанд.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 13-уми март гуфт, Пригожин, ки дар ҷанг аз нерӯи маҳбусон истифода мекард, ба далели “бигӯ-магӯ” бо Вазорати дифои Русия, эҳтимол аз ҷалби зиндониён маҳрум шудааст.

Дар гузориши истихбороти низомии Бритониё гуфта мешавад, “агар ин вазъ идома кунад, Пригожин эҳтимол маҷбур мешавад, миқёс ва ё шиддати амалиёти “Вагнер”-ро дар Украина коҳиш бидиҳад.” Дар гузориш омадааст, тибқи тахминҳои ҷониби Бритониё, “тақрибан нисфи маҳбусоне, ки “Вагнер” дар Украина ҷойгир карда буд, эҳтимол кушта шудаанд.”

То кунун ҷасади беш аз даҳ зиндонии тоҷикро, ки низ дар Русия зиндонӣ, вале дар Украина кушта шудаанд, ба ватан оварданд. Қабри як нафари онҳоро дар яке аз оромгоҳҳои Маскав ёфтанд.